Дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи энергетика (22 декабр) муовини вазири энергетикаи Федератсияи Русия Роман Маршавин бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» шинос гардид.
Роман Маршавин зимни вохӯрӣ бо кормандони неругоҳ иброз дошт, ки «ин сафари нахустини ман ба Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аст. Бо итминон гуфта метавонам, ки неругоҳ ва ҳайати кормандону мутахассисони он намунавӣ мебошанд».
Соли равон аз фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 15 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат маҷлиси тантанавӣ доир шуд, ки зимни он муовини вазири энергетикаи Русия кормандону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика табрик намуд.
Бахшида ба иди касбӣ 54 корманди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» барои фаъолияти муваффақи касбӣ, нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва меҳнати софдилона бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон