Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид

    «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид

    2024-12-20
    153

    «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Стратегияи миллии об 29 ноябр зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шуд.

    «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мутобиқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шудааст. Стратегияи миллии об принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ҳадафҳои дарозмуддати стратегии идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, самтҳои асосии фаъолият оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об бо назардошти манфиатҳои тамоми истифодабарандагони об ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин муҳофизат аз таъсири манфии об дар шароити тағйирёбии иқлим муайян менамояд.

    Стратегия ба таъмини татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об равона гардидааст.

    Стратегияи миллии об қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунандаи об, сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, банақшагирӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳо,  сарфаи об, пешгирии таъсири манфии об, афзоиши сармоягузорӣ ва маблағгузории соҳаи об, беҳтар намудани таъмини иттилоотии соҳаи об, барқарорсозӣ ва бунёди инфрасохтори таъмини об ва санитария, баланд бардоштани сатҳи бехатарии иншооти гидротехникӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳамкории самарабахш байни иштироккунандагони муносибатҳои обро пешбинӣ менамояд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ