17-18 декабр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисод» аз ҷониби Минтақаи озоди саноатии Мокуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии конвергенсияи фарҳангҳо конфронс баргузор шуд.
Дар конфронс муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» маъруза намуд.
Дар конфронс масъалаҳо вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои ҳарду давлат, афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти васеи истифодаи роҳҳои транзитии мамлакат барои ворид шудан ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон