Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.
Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.
Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.
Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.
Воқеан оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.
Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.
Басо рамзист, ки оташ расо панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб қабл аз эътидоли баҳорӣ ва фарорасии соли нав кашф шуда, номи он низ бо ҷашни Наврӯз иртибот мегирад.
Дар ин бора яке аз адибони маъруфи асри XI Манучеҳрӣ мегӯяд:
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.
Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то имрӯз идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада асоси қавии табиӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар шабу рӯзи ҷашни Сада, ки ба охири моҳи январ рост меояд, дар табиат гардиш ба сӯйи фасли баҳор рӯй медиҳад ва сардиҳои шадид паси сар мешаванд. Яъне Сада аз сипарӣ шудани сармо, поёни чиллаи зимистон ва наздик шудани Наврӯз мужда мерасонад. Бинобар ин, Сада аҳли заҳматро водор месозад, ки аз фароғати зимистона берун омада, омодагиро ба мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ оғоз намоянд.
Деҳқонон дар минтақаҳои нисбатан гарм ба тоза кардани ҷӯйбору каналҳо ва боғдорон ба ниҳолшинониву ба тартиб даровардани дарахтон шурӯъ мекунанд, асбобу олоти деҳқонӣ ва техникаи кишоварзиро ба мавсими киштукор омода месозанд.
Аз даврони пешин то имрӯз ниёгони мо дар рӯзи ҷашни Сада намоиш ва фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин, бозори афзору олоти корӣ ва тухмиҳоро ташкил мекарданд.
Мо бояд расму ривоҷи гузаштагони худро идома бахшем, такмил диҳем ва бо дарназардошти вазъияту талаботи замони муосир васеъ истифода намоем.
Зеро чунонки ҳамватанони азизамон мушоҳида мекунанд, бинобар сабабу омилҳои гуногун таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ сол ба сол мураккабу мушкил гардида, дар баробари афзоиши талабот раванди болоравии мунтазами нархҳо, пеш аз ҳама, нархи озуқаворӣ идома ва ҳатто шиддат гирифта истодааст.
Дар чунин шароит мо бояд ба мавсими киштукори баҳорӣ ҳамаҷониба омодагӣ бинем, бештар заҳмат кашем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва кӯшиш намоем, ки мардумамон аз болоравии нархҳо ва камчинии маҳсулот азияту танқисӣ накашанд.
Соли гузашта кишоварзони мамлакат софдилона заҳмат кашида, ҳосили хуб ба даст оварданд, ки фаровонии имрӯзаи бозори истеъмолии дохилӣ самараи заҳмати онҳост.
Ҳарчанд ки ҳоло маҳсулот фаровону нархҳо муътадиланд, ҳамватанони азизи мо бояд сарфаю сариштакор бошанд ва талаботи қонуни танзимро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳар як оила ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.
Мо вазифадорем, ки барои илму дониш омӯхтан ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намудани наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоем.
Дар ин ҷода зарур аст, ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати бостонии тоҷик, унсурҳои созандаву ободгарона, ғояҳои муттаҳидкунанда, ватандӯстона ва инсонпарваронаи ойину ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро васеъ истифода барем.
Бори дигар мардуми сарбаланду заҳматкаши кишварамон, махсусан, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мамлакат тандурустӣ, бахту саодат ва файзу баракати рӯзгор орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Манбаъ Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://www.prezident.tj/node/30016