Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар шаҳри Душанбе 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд дар Маркази касбомӯзии «Атлас» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе

    Дар шаҳри Душанбе 30 нафар занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд дар Маркази касбомӯзии «Атлас» таҳти унвони «Бонуи ҳунар» даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе

    2024-12-23
    133

    Имрӯз дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд. 

    Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд.

    Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси офатҳои табиӣ — обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегардад, ки хисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.

    «Давоми даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, барои дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кӯшиш ба харҷ диҳем»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

    Иброз гардид, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.

    Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид сабаби ифтихору сарфарозии ҳама тоҷикони ҷаҳон гардид.

    АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ