Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид

    «СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид

    2024-12-25
    94

     24 декабр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» доир гардид, ки дар номинатсияи «Китоби назм» муаллифон Фарзона бо гулчини ғазали «Сетор», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Хандаи талх» ва Бузургмеҳри Баҳодур бо китоби «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст» ғолиб дониста шуданд. 

    Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.

    Мазмуну муҳтавои ин китобҳо бояд мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро фаро гиранд, ба завқи алоқамандони каломи бадеъ созгор афтода, дар дили хонанда оташи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, обу хоки Тоҷикистонро барафрӯзанд ва ҳамчунин бо ороишоти хуб муқовабандӣ шуда бошанд.

    Китобҳое, ки соли 2024 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2024» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешкаш шуданд.

    Иттилоъ дода шуд, ки ба Озмуни «Китоби сол-2024» аз тарафи муаллифон ва ноширон 55 китоби тозанашри бадеии назму наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷума пешниҳод гардид.

    Тавре иттилоъ дода шуд, на ҳама китобҳои пешниҳодгардида аз лиҳози сифати чоп, жанри бадеӣ ва тартиби ҳуҷҷатнигорӣ ба талаботи шартҳои озмун мувофиқат карда, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» ҷавобгӯ буданд. Бинобар ин китобҳои солҳои 2022 ва 2023 нашршуда аз иштирок дар озмун хориҷ карда шуданд.

    Дар номинатсияи «Китоби наср» китобҳои «Як дарси аҳду вафо»-и Кароматуллоҳи Мирзо, «Имтиҳони қисмат»-и Шодӣ Раҷабзод ва «Қасоси модагург»-и Ховари Пӯлод ғолиб дониста шуданд.

    АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ