Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид

    «ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид

    2024-12-26
    108

    Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти унвони «Зан ва замон: 25 соли музаффарият» ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

    Ҳамоиш бо намоиши филм аз боби дастовардҳои занону духтарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ оғоз гардид.

    Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши занон дар ҳифзи музаффарияти даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ изҳори андеша намуд.

    Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокории онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.

    Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа  тавассути интишор ва амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»,  қабул гардидани силсиласанадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти кор бо занон ва оила ва  ғамхориҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии мунтазами ташаббусҳои  наҷиби занону духтарон ибрози назар намуд.

    АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ