Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

    2025-01-04
    99

    4 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои хориҷӣ таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

    Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Зариф Мирдадо ва Даврон Зоҳидзода аз вазифаи муовинҳои раиси вилояти Суғд бо сабаби гузаштан ба кори дигар озод шуда, Файзулло Қосимӣ, Ҷамшед Ҷӯразода ва Зуфар Исмоилзода муовинони раиси вилояти Суғд таъйин гардиданд.

    Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони нави шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафарободи вилояти Суғд аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин карда шуданд.

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин гардид.

    Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди саноатии  маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, фаровон муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, бунёду навсозии роҳу коммуникатсия, муассисаҳои тиббию таълимӣ ва томактабӣ ҳидоят намуданд.

    Дар фароварди суҳбат Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муомила бо мардум фарҳанги баланди муошират ва одобу ахлоқи намунавӣ дошта бошанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ