Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»

    Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»

    2025-01-16
    103

    Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни мулоқоти хосса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунад ва эҳсос мекунад, ки дар ҳақиқат дар Эрон аст.

    Президенти Эрон изҳори итминон намуд, ки иртиботи Эрон ва Тоҷикистон метавонад дар тамоми заминаҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва амниятӣ қатъан қавитар ва беҳтар бошад.

    «Метавонем равобити гузаштаамонро устувортар гардонем. Мо омодаем, ки ба ҳамдигар барои тавсеаю рушди ҳама заминаҳои имконпазир кумак кунем», — тазаккур дод Масъуд Пизишкиён.

    Ёдовар мешавем, ки имрӯз маросими бошукуҳи истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

    Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

    Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ