Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд

    2025-01-16
    69

    16 январ Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд. 

    Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза мебахшад.


    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор намуданд.

    Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайни минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.

    АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ