Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» таъсис ёфт

    Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» таъсис ёфт

    2025-01-23
    91

     22 январ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе нишасти нахустини маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

    Зимни ифтитоҳи маҳфил Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки асари безаволи «Шоҳнома»-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навишта, ин асар бузургтарин шоҳасари ҷаҳон дониста мешавад. Идеяи асар даъвати халқ ба якдилӣ, тарғиби некӣ ба аҳли меҳнат ва омӯхтани илму ҳунар мебошад.

    «Шуҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамонӣ шуҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некию накӯкорӣ, ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он таъкидҳои зиёд намудааст. Ба ақидаи шоир, некию накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонӣ аст», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

    Иброз гардид, ки маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар пайи татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ташкил шуда, ҳадафи он огоҳии ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш мебошад.

    Аъзои маҳфил аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе интихоб шуда, моҳе 2 маротиба достонҳои ин шоҳасари миллиро баррасӣ мекунанд.

    Маҳфили Шоҳномахонӣ» дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ таъсис дода мешавад.

    АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ