Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Прокуратураи генералӣ, «Амонатбонк» ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Прокуратураи генералӣ, «Амонатбонк» ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

    2025-01-24
    138

     Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба визифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардид.

    Бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти дигари кадрӣ дар баъзе раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” амалӣ карда шуд.

    Саидзода Тоҷиддин Ниёз аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

    Худоёрзода Худоёр Бахтиёр аз вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъйин гардид.

    Ҷумъазода Маҳмуд аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

    Холиқзода Ҷонибек аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

    Абдуллозода Алишер Ҳамид аз вазифаи муовини сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ таъйин карда шуд.

    Собирзода Нуралӣ Миралӣ, ки то ин вақт ба ҳайси муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ