Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «ПИРЯХ». Таҳти чунин унвон театри опера ва балети тоҷик дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел намоиш пешниҳод мекунад

    «ПИРЯХ». Таҳти чунин унвон театри опера ва балети тоҷик дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел намоиш пешниҳод мекунад

    2025-01-26
    96

    Ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имсол дар шаҳри Парижи Фаронса ва Брюссели Подшоҳии Белгия бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Пирях» намоиш пешниҳод менамоянд. 

    Муаллифи либретто — Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим буда, он бо мусиқии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ офарида шудааст.

    Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

    АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ