Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд

    СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд

    2025-01-27
    80

    Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба амалисозии ташаббуси панҷуми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он байни кормандони муассиса барои таҳияи «Беҳтарин филми мустанад» озмун эълон гардид.  Ин матлабро директори муассиса Садриддин Шамсуддинзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.

    Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин озмун 3 филми мустанад, аз ҷумла «Пиряхҳо», «Сарвати башарӣ», «Ванҷи ях» аз ҷониби муҳаррирони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» пешниҳод гардид, ки ғолибони он рӯзҳои наздик қадрдонӣ мешаванд.

    Ба иттилои директори «Телевизиони Сафина», дар барномаҳои телевизион суҳбату вохӯриҳо бо олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, зарурати ин тадбирҳо ба омма фаҳмонида мешавад.

    «Боиси ифтихор аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд ташаббусе, ки пешниҳод шуд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Махсусан дар Тоҷикистон баргузор шудани чанд конфронсу чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо иштироки роҳбарони созмону ташкилоти байналмилалӣ  қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад», — гуфт директори муассиса.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ