Телевизиони «Бадахшон» ба низоми дақиқияташ баланди HD гузашт, ки он боз як қадами устувор дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати барномаҳои телевизионї арзёбӣ мегардад.
Акнун аз ин пас тамоми иттилоъ ва барномаҳо дар низоми муосир таҳия ва пешкаши бинандагон мегарданд.
Дар маросими гузаштани телевизиони “Бадахшон” ба ин шакл таъкид гардид, ки маҳз таваҷҷўҳ ва дастгирии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Дар маросими гузаштан ба ин низом раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Носир Озод ва роњбарияти вилоят Мирзонабот Алишер Худобердї ширкат намуданд.
Ин иқдоми неку созанда дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд, бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавӣ HD аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас карда шуданд.
Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи телевизиони «Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон карда шаванд.
Қадами нахустини устувор дар телевизиони «Бадахшон» ҳанӯз соли 2018-уми баъди мулоқоти Роњбари давлат бо аҳли зиё гузошта шуда буд ва то ин дам пахши барномаҳо пурра рақамӣ ва ба моҳвора пайваст карда шуданд.
Гузаштан ба шакли HD дастоварди навбатӣ дар телевизиони «Бадахшон» арзёбӣ мегардад.
Солҳои Истиқлолияти давлатї дар соҳаи телевизион ва радиои вилоят пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста баззами модииву техникии идора ба кули беҳтар гардид.
Бо дастгириҳои рузафзуни Ҳукумати мамлакат дар доираи гузариш ба низоми дақиқияташ баланди HD иловатан ба Идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4 КА ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда дастрас карда шуд.
Идораи телевизион ва радиои Бадахшон дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ минбаъд роҳу воситаҳои навро истифода намуда дар тарғиби сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат аз имокниятҳои нав мақсаднок истифода менамояд.