Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид

    Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид

    2025-01-30
    80

    Дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид, ки дар муқоиса ба соли 2023 — 10 намоиш зиёд аст. Аз ин шумора, дар театрҳои пойтахт 26 намоиш ва дар театрҳои шаҳру ноҳияҳо 37 намоиш ба тамошобинон пешкаш гардид. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

    Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 дар радифи таҳлили дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, соҳаи фарҳанг низ таҳлил гардида, намуда, таъкид шуд, ки иқдоми дар замони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Хукумати мамлакат ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва дар натиҷа ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшид. Дар робита ба ин бори дигар ҳастии миллат будани фарҳанг таъкид таъкид гардид.

    Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои театрӣ-консертӣ сафарҳои эҷодии ҳунариро дар 3 вилоят ва 55 шаҳру ноҳияҳо ташкил намуданд, ки он аз 12 намоишҳои театрӣ ва 25 барномаҳои консертӣ иборат буд. Соли 2024 аз ҷониби Шӯрои бадеии вазорат 95 матну асарҳои драмавӣ, мусиқӣ ва рассомӣ харидорӣ карда шуд. Сирки давлатии Тоҷикистон 52 намоишро пешниҳоди тамошобинон гардонид.

    Ба ҳолати 1 январи соли 2025, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 театри халқӣ ва 18 театрҳои касбӣ ба қайд гирифта шудааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ