Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид

    «PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид

    2025-02-03
    79

    Аз 31 январ то 2 феврали соли равон имконоти сайёҳии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart 2025» дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон муаррифӣ карда шуд. 

    Дар намоишгоҳ гӯшаи сайёҳӣ вобаста ба муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардида, таомҳои миллӣ ва рақсу сурудҳои тоҷикӣ пешниҳод шуданд.

    Дар доираи намоишгоҳ дар мавзуи «Муайян кардани самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ барои ояндаи устувор» форум доир шуд, ки дар он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода сухан гуфт.

    Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва мероси қадимии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон Саид Зулфиқор Алӣ Шаҳ вохӯрӣ ва масъалаи ҷалби сайёҳон ба ҳарду давлатро баррасӣ намуданд.

    Ҳамчунин бо мақсади муаррифии бештари маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби ҷаҳонгардон байни ширкатҳои   ватанӣ ва ширкатҳои покистонӣ вохӯрӣ доир шуд.

    Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 250 ҳазор нафар аз 45 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

    АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ