Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили ҳофизхонӣ баргузор шуд

    Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфили ҳофизхонӣ баргузор шуд

    2025-02-19
    69

    «Ҳофизи Шерозӣ – ғазалсарои шаҳири тоҷик»-таҳти ин унвон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

    Дар маҳфил директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба ҳаёту эҷодиёти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ сухан намуд.

    Иброз гардид, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст. Дар Осорхонаи миллӣ нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девони Ҳофиз дар радифи пурарзиштарин осори таърихию фарҳангӣ ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.

    Сипас, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ саҳнаи театрикунонида оид ба рӯзгори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва вохӯрии ӯ бо Амир Темур пешниҳоди иштирокдорони маҳфил гардонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби ҷавонону наврасон ғазалҳо аз ашъори ноби Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ қироат шуданд. Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба наврасон барои иштироки фаъол дар маҳфили «Ҳофизи Шерозӣ-ғазалсарои шаҳири тоҷик» «Сипоснома»-и Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.

    Бояд гуфт, ки соли равон дар Тоҷикистон 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири ғазалсаро бо иштироки муҳаққиқон, донишмандон ва шоирон маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва конфронсу ҳамоишҳо гузаронида мешаванд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ