Яке аз бартариятҳои баргузории ҷашнвораҳои синамои дар он аст ки дар баробари иштироки таҳиягарони ҳирфаи инчунин коргардонҳои навкор низ метавонанд иштирок намоянд. Ҷашнвораи Сандэнс низ аз қабили кинофестивалҳоест ки чунин имконият ва майдони фарохи эҷодиро барои таҳиягарон фароҳам меорад.
1.Киноҷашнвораи миллии амрикоии филмҳои мустақил Сандэнс бо ибтикори инстиитути Сандэнс ва ҳунарманд Роберт Редфорд ба хотири дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити хуби инкишоф ва рушди филмҳои мустақил ҳанӯз соли 1978 таъсис ёфта буд, шуруъ аз соли 1985 он мақоми байналмилаллиро гирифта зиёда аз 86 филм ба намоиш гузошта шуд ва дар ҳоли ҳозир дар ҷашнвора инчунин на моишҳои интерактивӣ, ва мусиқӣ низ ҷой дода шудааст.
2.Ҷашнвораи Санденс дар тули зиёда аз 40 соли барузориаш дар барномаи баргузори ва қабули филмҳо қоидаҳои махсусро ҷорӣ намудааст. Мисли дигар ҷанвораҳо дар фестивали Сандэс барои филмҳои омӯзишию таҳқиқотӣ бартарият дода мешавад .
Кинофестивали Сандэнс аз бузургтарин ҷанвораии синамоии филмҳои мустақил маҳсуб меёбад.
Дар маросими аввали фестивал 10 нафар коргардонҳои навкор даъват карда шуданд, ки дар якҷоягӣ бо синариянависону коргардонҳои ҳирфаи мавод таҳия намуданд.
Муассиси ҷашнвораи мазкур ҳунарманд Роберт Редфорд ба хотири нигаҳдошти шоҳкориҳои синамои мустақил дар Донишгоҳи Колифорния бойгониеро бо номи “Маҷмуаи Сандэнс” бунёд намудааст ки ҳамасола аз фестивали мазкур беҳтарин филмҳо интихоб гардида дар ин маҷмуаи маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.
Тули зиёда аз 45 сол синамоҷашнвораи Сандэнс муаррифгарӣ як зумра филмҳои барҷаставу машҳуре гардид ки бо баргузор намудани нахустнамоиши худ дар ҷашнвораи мазкур маваффақияти ҷаҳониро касб карданд. Новобаста аз оне ки ҷашнвора дар яке аз штатҳои сербарфи ИМА, Юта гузаронида мешавад, вале ин барои дустдорони филмҳо аслан монеаеро барои иштирок ва тамошои филмҳо пеш намеорад., зеро ин фестивал яке аз воситаҳои асосии тамошои нахустнамоиши филмҳо ва аввалин бинандаи онҳо гардидан мебошад.
Ҷашнвораи Сандэнс айнан мисли дигар фестивалҳои синамои дорои номинатсияҳои гуногун мебошад.
Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми драмавӣ ва ё мустанад.
Ҷоизаи таваҷҷуҳи бинанда
Мукофот барои беҳтарин мустанад ва ё драма
Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин дар категорияи синамои ҷаҳонӣ
Ҷоиза барои беҳтарин коргардон
Ҷоиза барои беҳтарин филми кутоҳ филми ҳунарӣ ва аниматсионӣ
Ҷоизаи махсус
Яке аз имтиёзи хеле қуллайи ҷашнвораи Сандес барои таҳиягарон он аст ки барандагони номинатсияи беҳтарин филми кутоҳ метавонанд мустақиман дар руйхати номзадҳои “Оскар” қарор гиранд. Соли 2023 ба ҷашнвора зиёда аз 16 ҳазор филм пешниҳод гардида буд ки аз миёни онҳо масъулин 111 филмро барои рақобат дар номинатсияҳои гуногун интихоб карданд.