Ҳамдиёрони азиз ва инак 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид. Вобаста ба тағйироти воридгардида маблағ барои мукофотонидани ғолибон ва баргузории озмун дар ҳаҷми 850 ҳазор сомонӣ зиёд карда шуда, дар маҷмӯъ 3 895 000 (се миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Инак, соли чорум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Имрӯзҳо озмуни мазкур ба инқилоби илм ва тантанаи донишу маърифат табдил ёфта, тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакатро ба ҳам дӯсту муттаҳид мегардонад. Ин озмун соли 2022 дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ташкили маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли гузашта ба 95 нафар ғолиби даври ниҳоии озмун туҳфаҳои арзишманди пулии сарпарасти озмун — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд.
16 декабр барои дарёфти «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 18 нафар ғолиби ҷойҳои якум 11 нафар иштирок карданд, ки донишу ҷаҳонибинии довталабон аз рӯйи номинаҳои озмунӣ санҷида шуд. Дар натиҷа хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева соҳиби «Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Тибқи натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии озмун дар соли 2022, иштирокчиён аз шаҳри Душанбе соҳиби 32 ҷой, вилояти Суғд 28 ҷой, вилояти Хатлон 17 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 ҷой ва ВМКБ соҳиби 4 ҷой гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи аввал аз сарпарасти озмун- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамзамон ба 45 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10 000 сомонӣ супорида шуд.
Вобаста ба ин тибқи амри Президенти Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар соли 2023 ба низомномаи озмун якчанд тағйироту навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад. Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.
Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ тағйирот ворид карда шуд, ки соли ҷорӣ довталабони бахши эҷоди назм ва эҷоди наср дар алоҳидагӣ иштирок менамоянд.
Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуд, ки дар маҷмӯъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида мешавад. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд.
Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Бояд гуфт, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон соли 2023 барои довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст. Тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ва ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Марҳамат имкониятро аз даст надиҳед.
Масъули сомонаи МДТВ "Синамо" Муҳиддин Сулаймонӣ.