Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «РӮЗИ ИНТИХОБКУНАНДАИ ҶАВОН». Бо гурӯҳи ҷавононе, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир шуд

    «РӮЗИ ИНТИХОБКУНАНДАИ ҶАВОН». Бо гурӯҳи ҷавононе, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир шуд

    2025-02-27
    59

    Имрӯз дар доираи баргузории чорабинии ҷумҳуриявии «Рӯзи интихобкунандаи ҷавон», вохӯрии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода бо гурӯҳи ҷавонони фаъол, ки нахустин маротиба дар интихобот иштирок менамоянд, баргузор гардид. 

    «Рўзи интихобкунандаи ҷавон» тибқи Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Комиссияи марказӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд. Мақсад аз ташкили чорабинӣ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагони ҷавон, боло бурдани сатҳи фарҳанги интихоботӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо, дарки масъалаи интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

    Раиси Комиссияи марказӣ ба интихобкунандагони ҷавон оид ба ҷараёни омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат маълумот дода, гуфт, ки комиссияҳои интихоботӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботии худро озодона татбиқ намоянд.

    Бо мақсади таъмини шаффофият ва ошкоро будани ҷараёни интихобот тамоми чорабиниҳои дар ин доира баргузоршаванда тавассути воситаҳои ахбори омма таҷассум карда мешаванд.

    Раиси Комиссияи марказӣ ба ҷавонон барои иштироки фаъолонаашон дар ташкили аксия ва дигар чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба интихобот изҳори сипос намуд.

    Интихобкунандагони ҷавон дар бораи тартиби иштирок дар интихобот, овоздиҳӣ, ҳуқуқи интихоботӣ ва ғайра саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

    Ин гуна чорабиниҳо дар саросари ҷумҳурӣ баргузор гардида, даҳҳо ҳазор нафар ҷавононба онҳо ҷалб карда шуданд.

    АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ