Дар кинотолори ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” нахустнамоиши филми телевизионии “Се тори ишқ” баргузор гардид.
Филми мазкур дар таҳияи саркоргардони Муассисаи давлатии ТВ “Синамо” Муҳаммадрабӣ Исмоил ва коргардони ҷавон Хуршеди Ҷамшед руйи пардаи синамо омадааст.
Дар нахустнамоиши филми телевизионии “Се тори ишқ” роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҳунармандони саршинос, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳаводорони синамо иштирок доштанд. Қабл аз оғози намоиш иттилоъ дода шуд, ки филми “Се тори ишқ” дар жанри драма таҳия гардида, муаллифи филмнома рӯзноманигори тоҷик Олима Раҷабова мебошад. Ҳамзамон зикр гардид, ки филми мазкур дар деҳаи Обшорони ноҳияи Файзобод руйи навор омада, замони наворбардории он 19 рӯзро дар бар гирифтааст.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар доир ба самти филмофарӣ таваҷҷӯҳи хосса равона гардида, баҳри рушди ин соҳа чандин маротиба аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи Рушди кино қабул ва баррасӣ гардид. Дар доираи барномаи рушди кино дар мамлакат ба синамогарон, хусусан филмофарони ҷавон имкон фароҳам шуд, ки маҳорати баланди эҷодии худро истифода карда, баҳри рушд ва муаррифии синамои тоҷик саҳми хешро гузоранд.
Филми “Се тори ишқ” низ дар доираи барнои рушди кино барои солҳои 2023-2027 таҳия шуда, бо сабки муосири филмбардорӣ таҳия гаштааст.