Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Бахшида ба Рӯзи Модар дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид

    Бахшида ба Рӯзи Модар дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид

    2025-03-06
    64

     6 март бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Модар фариштаи меҳру шафқат» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлил ва иттиллоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

    Дар чорабиниӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо, кормандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони меҳнат ва дигар занону духтарони фаъол иштирок намуданд.

    Дар оғоз муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо барои фаъолияти ҳамаҷонибаи модарону духтарон фароҳам гардида, занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи сиёсат ва хизмати давлатӣ роҳ ёфтанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор мебошанд.

    Дар идома барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, ба занону духтарон туҳфаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.




    АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ