Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Тоҷикистон аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занон тақдим намуданд

    Президенти Тоҷикистон аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занон тақдим намуданд

    2025-03-07
    57

    Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занону модарон тақдим намуданд.

    Сарвари мамлакат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «тақдим намудани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест.  Модари тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳою шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё оварда, ба камол расонидааст».

    Ҳамчунин Пешвои миллат ёдовар гардиданд, ки дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:

    Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
    Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

    Тавре қаблан иттилоъ додем, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони   мамлакат дастрас карда  шавад.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чунин таъкид намуда буданд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ