Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз шуд

    Дар Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз шуд

    2025-03-10
    49

    Дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз гардид. 

    Ин филм ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар майдони набард инчунин нақши мардуми тоҷикро дар ақибгоҳ қисса менамояд.

    Ҳамчунин филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» бо сабку услуби хоси худ дар баробари рӯнамоии саҳнаҳои таърихӣ саҳнаҳои ҷаззоб ва ҳаяҷонангезро низ фаро мегирад.

    Яке аз сужаҳои филм ин аст, ки бар асоси маълумоти таърихӣ, Черчилл, ки ошиқи таоми белмоҳӣ буд, хоҳиш менамояд, ки барои хӯроки шом ин навъи нодири моҳиро дастрас намоянд. Ба назари ӯ, ин моҳӣ танҳо дар гӯшаҳои дурдасти Миссисипии Амрико ёфт мешуд. Аммо дар муддати кӯтоҳ хоҳиши ӯ иҷро шуда, белмоҳии хостааш аз дарёи Панҷи Тоҷикистон дастрас карда мешавад.

    Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», тамошобинон метавонанд интизори филми ҷолиб ва таърихӣ бошанд.

    АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ