6 феврал дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардид, ки дар он Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар номинаи «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2022» бо ҷоиза сарфароз гардонида шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамзамон дар маросим ба 100 нафар ҷавонони ташаббускори мамлакат туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шуд. Имсол 12 нафар дар фазои тантанавӣ бо ин ҷоиза мукофотонида шуданд.
Ҳамзамон 21 нафар ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти ҷомеа бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.
Аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин насли ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид карда шуд, ки «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
ДУШАНБЕ, 07.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/agentii-millii-ittilootii-to-ikiston-hovar-bo-oizai-be-tarin-muassisai-tar-ibot-dar-soli-2022-sarfaroz-gardonida-shud/