Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Наврӯз дар Тоҷикистон имсол 20 март фаро мерасад

    Наврӯз дар Тоҷикистон имсол 20 март фаро мерасад

    2025-03-14
    61

    Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад. 

    Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (баробаршавии шабу рӯз) мегӯянд.

    Барои инсоният талаботи ҳисобкунии вақт дар давраи хеле қадим пайдо шудааст. Одамон фосилаҳои вақтро бо ҳодисаҳои такроршавандаи табиат муқоиса менамуданд. Масалан, тағйирёбии шабу рӯз воҳиди табиии шумораи вақт ба мисли шабонарӯз мебошад. Тағйирёбии фаслҳои сол ҳамчун воҳиди ҳисобкунии вақт истифода мешавад. Дар замонҳои хеле қадим  одамон дар асоси мушоҳидаҳои визуалии (танҳо бо чашм) ситораҳо, сайёраҳо ва Офтоб давомнокии солро муайян мекарданд. Давомнокии солро дарк намуда, минбаъд нуқтаи сарҳисоби онро муайян карданд.

    Ҳамин тавр, сарчашмаи илми астрономия аз чунин мушоҳидаҳо ва назарияҳо пайдо гардид. Тараққиёти чандинасраи илми астрономия доир ба ҳодисаҳои такроршавандаи табиат фаҳмиши боэътимодро таъмин намуд.  Ивазшавии шабу рӯз ба гардиши кураи Замин дар атрофи тири меҳвари он вобаста аст ва тағйирёбии фаслҳои сол ба гардиши Замин дар атрофи Офтоб алоқаманд мебошад.

    Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ — баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисобҳо ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад. Ин тафовут ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиши Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ