Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ доир шуд

    Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ доир шуд

    2025-03-17
    33

    16 март дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар ҳошияи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival»  бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Ояндаи сабз дар дасти ҷавонон» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.

    Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар конфронс олимону муҳаққиқони самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи муҳити зист доир ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва норасоии оби ошомиданӣ табодули афкор намуданд.

    Иброз шуд, ки давоми моҳи сентябр ва октябри соли сипаришуда дар пиряхи Ванҷях бо мақсади гузаронидани корҳои инструменталии саҳроӣ дар қисмати ғизогирии пирях, муайян намудани хатсайри экспедитсионӣ барои таҳқиқоти минбаъда ва насби стансияи худкори мушоҳидаи шароити метеорологии қисмати ғизогирии пирях экспедитсияи байналмилалӣ гузаронида шуд.

    Гуфта шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи махсус Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муқаррар шуда, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардиданд.

    Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ