Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Кумитаи телевизион ва радио барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

    Кумитаи телевизион ва радио барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

    2023-02-08
    335

    Барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд карда мешавад. Ин матлабро Раиси Кумита Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

    «Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст»,-гуфт Раиси Кумита.

    Гуфта шуд, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.

    Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла рӯзноманигорон, коргардонҳо ва дизайнерон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

    Ҳамзамон таъкид гардид, ки тибқи нақша, соли 2023 4 корманд ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти таҳияи филмҳои аниматсионӣ ва 6 нафар барои таҳсили олии касбӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд.

    ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/kumitai-televizion-va-radio-baro1i-kormandon-binoi-isti-omatii-doroi-144-u-ra-bunyod-mekunad/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ