Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2023». Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуданд

    НАМОИШГОҲИ «ПРОДЭКСПО-2023». Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба намоиш гузошта шуданд

    2023-02-09
    366

    ҶДММ «Экофрукт Исфара»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо- «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва иштирок карда, намудҳои гуногуни хушкмеваҳои ин коргоҳро, ки бастубанд гардида, ба содирот нигаронида шудаанд, ба намоиш гузошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

    Дар  намоишгоҳ зиёда аз 2000 ширкат аз 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Беларус, Туркия, Федератсияи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Чин  ва дигарон иштирок намуданд.

    Дар намоишгоҳ, инчунин намояндагони корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Абдулакимов», ҶДММ «Субҳи ватан», ҶДММ «Ҳариф» ва ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон», ки ба коркард ва истеҳсоли меваҳои хушк, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, муҳсулоти худро  муаррифӣ намуданд.

    Гуфта шуд,  ки ҳадаф аз баргузории ин гуна намоишгҳо- муаррифии  маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ  ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ мебошад.

    Дар доираи намоишгоҳ аъзои Палата бо роҳбарони якчанд ширкат ва марказҳои тиҷоратӣ бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак  вохӯрӣ намуданд.

    Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «Продэкспо-2023» дар шаҳри Москва  10 феврал анҷом меёбад.

    ДУШАНБЕ, 09.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/namoishgo-i-prodekspo-2023-hushkmeva-oi-to-ikiston-dar-sha-ri-moskva-ba-namoish-guzoshta-shudand/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ