Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз бузургтарин ҳикмати моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад»

    Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз бузургтарин ҳикмати моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад»

    2025-03-29
    34

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр иброз доштанд, ки яке аз бузургтарин ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад. Бинобар ин, мо бояд хуб дарк намоем ва дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти орому осудаи ҳар оила, ҳар фарди ҷомеа ва шарти муҳимтарини рушду пешрафти мамлакат мебошад.

    Сарвари давлат бо дахли ин масъала изҳор намуданд, ки махсусан дар шароити бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст, ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа кӯшиш намоем ва барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон –истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он ҳамеша омода бошем.

    «Мо – тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз бояд шукрона кунем, ки соҳибдавлату соҳибватан ва соҳиби таърихи бостонӣ ҳастем»,-иброз намуданд Пешвои миллат.

    Ҳамчунин Роҳбари давлат иброз доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуби мо аъзои комилҳуқуқи кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва баробари тамоми кишварҳои дунё соҳиби як овоз мебошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои онро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад ва давлати мо имрӯз дар ҷодаи ободиву пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.

    АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ