Дар нишасти матбуотие, ки миёни масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва васоити ахбори омма доир гардид зикр шуд, масъулини миуассисаи номбурда нақша доранд ки соли 2023 10 филми нав таҳия ва пешниҳод намоянд..
Ба гуфти масъулин, дар байни ин филмҳо 2 филми ҳунарии пурра, 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 4 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ мебошанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки МД «Тоҷикфилм» нақша дорад, соли равон дар ҳамкорӣ бо филмбардорони узбек таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ»-ро оғоз намояд. Инчунин бо «Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург» таҳия ва омода кардани филми тасвирии «Бабри барфӣ» ва бо Корхонаи воҳиди «Киностудияи миллии «Беларусфилм» филми ҳунарии «Норак»-ро коркард ва таҳияи намояд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд, ки рушди минбаъдаи кинои миллиро муайян ва таъмин менамояд.
«Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи кино бо техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинро ба кино фаро гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Масъули сомонаи МД ТВ "СИНАМО" Муҳиддин Сулаймонӣ