Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ карданд

    Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ карданд

    2023-02-10
    314

    Имрӯз дар ҳошияи иштирок дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Қазоқистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

    Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дорои робитаҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ буда, халқҳои ҳарду давлатро риштаҳои дӯстии бародарона, ки бар анъана ва арзишҳои умумӣ асос ёфтаанд, мепайванданд.

    Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти мазкур ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷанба мусоидат менамояд. Ҳамчунин ҷонибҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон бомаром рушд меёбад.

    Тазаккур дода шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав пайдо карда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

    ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/to-ikiston-va-azo-iston-masalai-ta-viyati-amkorii-bajniparlumoniro-barras-kardand/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ