Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд

    2025-04-03
    57

    3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон аз ташаббуси ба сатҳи стратегӣ баровардани муносибатҳо ҷонибдорӣ менамояд”.

    Ба тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои нави аврупоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

    Масъалаҳои ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин роҳҳои татбиқи Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити байниминтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

    Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои иштирок дар лоиҳаи алоқаи моҳворавии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ омода аст.

    Рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, гузариш ба ҳукумати электронӣ ва рушди зеҳни сунъӣ муҳим дониста шуд.

    Аҳамияти Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббуси нави “Дарвозаи глобалӣ” ва барномаҳои бисёрсолаи индикативӣ таъкид гардид.

    Дар робита ба ҳалли мушкилоти глобалӣ изҳори бовар карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи муносиб иштирок хоҳад кард.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ