Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад

    Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад

    2025-04-09
    83

    Аз 14 то 21 апрел дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» баргузор мегардад.

    Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивал бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландмазмуни ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомон доир мешавад.

    Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

    Дар фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишҳое, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯи саҳна омадаанд, дар театрҳои пойтахт намоиш дода мешаванд.
    Дар фестивал аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда коршиносони соҳаи театр аз Тоҷикистон,  Узбекистон, Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.

    Дар назар аст, ки фестивал-озмун 21 апрел, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардад.

    АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ