Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд

    2025-04-13
    57

    13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд. 

    Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳониро баланд арзёбӣ намуда, аҳаммияти басо хоссаи идомаи самараноки шарикӣ бо онро, бо назардошти шароити имрӯзаи афзоиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъкид карданд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами вобаста ба тавсеаи истеҳсолу содироти энергияи тоза аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон ва дар ин замина рушди иқтисоди “сабз”-ро муҳокима намуданд. Дар ин зимн ҷонибдории Бонки Ҷаҳонӣ аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

    Дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба дигар ҷанбаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, устуворнокии иқтисодиёти он ба хавфу хатарҳои муосир, ҳамчунин, ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар муҳокима гардид.

    Изҳори бовар карда шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод саҳмгузории худро дар амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор идома хоҳад дод.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ