Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад

    Дар Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир мешавад

    2025-04-14
    57

    Аз 14 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон «Фестивал-намоишгоҳи дуюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ (2025-2026)» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории фестивал тақвияти фаъолият ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои пешрафта мебошад.

    Фестивал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он шинос намудани ҷавонону наврасони мамлакат бо дастоварду имконияти донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон, ҷалби шумораи бештари ҷавонони тоҷик ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологияҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ мебошад.

    Ҳадафи фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ инчунин омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, фароҳам овардани шароит барои густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мебошад.

    Дар намоишгоҳ намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё, Аврупо, Амрико ва дигар давлатҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони вазоратҳо, донишгоҳҳо, донишҷӯён ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

    Дар ин намоишгоҳ 180 нафар намояндаи 82 муассисаи таҳсилоти олӣ ва илмии 13 давлати хориҷӣ, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Малайзия, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазокистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус иштирок менамоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ