Columbia Pictures ширкати филмофарии Ҳолливуд дар радифи 5 киностудияҳои бузург ва сердаромади ҷаҳон қарор дошта, ҳар сол аз ҷониби ин шаркат даҳҳо филмҳои муваффақ силсилафилмҳо ва офаридаҳои аниматсионӣ таҳия ва ба дустдорони синамо пешниҳод карда мешавад. Соли 2000 Columbia Pictures дар киноиндустрия тавонист ба сарватмандарин ширкати филмофарӣ табдил ёбад ки сармояаш ҳатто аз ширкатҳои бузургеро чун Universal, Paramount, Warner Brothers зиёд буд. Ширкат истеҳсолкунандаи филмҳое чун Дракула, Леон, Писарони бад, Одамони сиёҳпуш, Парандаи бузург ва даҳҳо филмҳои дигар мебошад ки дар бозори синамо муваффақ гардидаанд.
Дар синамо рамзи ширкати Columbia Pictures шояд яке аз паҳншудатарин рамзҳое бошад, ки офаридоҳаяш дар миёни дустдорони синамо хеле маҳбубият доранд. Аммо на ҳама аз он огаҳанд ки барои ба муваффақияти ҷаҳонӣ ширкат чи монеаҳои душвореро паси сар намудааст. Тавлиди ширкат ба соли 1918 рост меояд.
Он замон ширкат бо номи CBC Film Sales фаъолият мекард ва аввалин филме ки аз ҷониби ширкат бо маблағгузории 20 ҳазор доллари амрикоӣ таҳия гардида буд барои таҳиягарон тавонист 130 ҳазор доллар фоида орад. Ва дар таърихи синамо яке аз аввалин филмҳои дебютии ширкат мебошад ки ба чунин муваффақият ноил гардидааст.
Замоне ки CBC Film Sales ба майдони синамо ворид гардид дар ҳолливуд аллакай киноширкатҳои маъруфе чун Metro-Goldwyn-Mayer, Paramount Pictures, 20th Century Fox, Universal Pictures, United Artists, Warner Brothers аллакай фаъолияти густурда доштанд, ва пойдор нигоҳ доштани мавқеъ дар миёни онҳо хеле мушкил буд.
Баъд аз чанд соли фаъолият номи студия аз CBC Film Sales ба Columbia Pictures иваз карда шуд. Новобаста аз талошҳои пайвастаи масъулин ва таҳияи лоиҳаву филмҳои арзанда Columbia Pictures дар миёни дигар киноширкатҳо ҳамоно наметавонист аз лиҳози молиявӣ рақобатпазир бошад. Аммо бо мурури замон роҳбарияти киноширкат бо бастани қарордод бо ҳунармандон, сармоягузорону таҳиягарони ҳирфаи ширкатро аз ин бунбаст раҳо намуда ба зинаи нав бароварданд.
Хусусан ба таҳияи силсилафилмҳо ва офаридаҳои аниматсиони таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида аз ин ҷиҳат ширкати филмофарӣ дар бозори синамо мавқашро намоён кард. Хуссусан силсилаи аниматсионии Крейзи Кет ва Микки маус ки ширкат дар якҷоягӣ бо Walt Disney ҳаққи муаллифӣ дошт Columbia Picturesро дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин ширкатҳои филмофарӣ гардонид.