Санъати филмофарӣ дар баробари рӯйи навор овардани ҳаёти омма, инчунин василаи муҳими пайванди фарҳангу тамаддунҳо ба шумор меравад. Дар ин радиф баргузории чорабиниҳои бузурги синамоӣ амсоли киноҷашнвораҳо заминаи мусоидро баҳри рушди муносибатҳо фароҳам меорад. Аз ҷумла фестивали “Лондон” – и Британияи Кабир ҳар сол ба шумораи зиёди алоқамандони синамо дар баробари намоиши филмҳо имконияти хуби табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани робитаҳоро дар бахши филмофарӣ фароҳам меорад.