Ҳунарманди Болливуд Имрон Хон пас аз танафуси даҳ солаи хеш ба олами синамо баргашт ва расман ба наворбардории лоиҳаи худ шурӯъ кард. Наворбардорӣ дар Мумбай оғоз гардида, интизор меравад дар ин драмаи ошиқона Бхуми Педнекар ва Гурфате Пирзода нақшофарӣ намоянд.
Синамогарони Ҳиндустонӣ филмеро дар жанри драмма бо номи “Норавшан” ба олами Болливуд падид оварданд. Филлми мазкур дар асоси руйдодҳои воқеъӣ таҳя гардида, дар филм ҳунармандони бо истеъдод Таапси Панну, Гулшан Девая, Сорабх Ҷаухан, Захир, Бабита Догра ва дигарон нақшофарӣ намудаанд.
Хати сужаи филми “Норавшан” аз ҳаёти Антрополог Гаятри, ки аз бемории чашм ранҷ мекашад ва замоне огаҳ мешавад, ки хоҳари дугоникаш худро дар таҳхона овехтааст, нақл мекунад. Сабаби фоҷеа аз даст додани биниш комилан дар натиҷаи ҳамон беморӣ аст. Гарчанде, ки хоҳарон вақтҳои охир дар тамос набуданд, Гаятри эҳсос мекунад, ки Гаутами кушта шудааст. Аз ин рӯ сарфи назар аз эътирози шавҳар, зан тафтишоти худро оғоз мекунад.
Бо коргардонии синамогарони ҳиндустонӣ Шанмугам Сапани филми наве таҳти унвони “Шанмуха” дар жанри ҷустуҷӯйӣ таҳя ва рӯйи навор оварда шуд, ки аз 21 марти соли равон аз нахуст намоиши худ дар кинотолорҳо хабар дода буданд. Дар филм ҳунармандон Авика Гор, Адитья Ом, Чираг Джани нақшҳои асосиро офаридаанд.
Хати сужаи филм расо 2 – соатро дар бар гирифта, қиссакунандаи ҳаёти якчанд зани ҷавонаст, ки ба таври мармуз нопадид мешаванд ва дӯстдухтари онҳо дар шароити аҷиб мемирад.
Дар филм дар нақши Сара (Авика Гор), рӯзноманигори таҳқиқотӣ бо баррасии парванда шурӯъ мекунад ва пас аз чанд вақт, муфаттиш Карти (Аади Сай Кумар) ба тафтишот ҳамроҳ мешавад ва онҳо якҷоя ҳақиқати ҳайратангезро ошкор мекунанд. Аз муҳтавои филми “Шанмуха” шумо метавонед пас аз тамошои шакли пурраи он ошно гардед.