Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    САҲМИ АНВАР ТӮРАЕВ ДАР РУШДИ СИНАМОИ МИЛЛӢ БЕНАЗИР АСТ

    САҲМИ АНВАР ТӮРАЕВ ДАР РУШДИ СИНАМОИ МИЛЛӢ БЕНАЗИР АСТ

    2025-04-22
    26

    Яке аз чеҳраҳои шинохтаи синамои тоҷик, ки саҳми арзандаи хешро дар пешрафти санъату ҳунари тоҷик гузоштааст Анвар Тӯраев мебошад. Ҳунарманд дар баробари нақшофарӣ дар филмҳо, инчунин коргардони чандин филмҳои Ватанӣ мебошад.

    Анвар Тураев – ҳунармандест, ки бо нақшҳои офаридаи худ дар филмҳои “Мавқеи баланд”, “Қалъа бар чархҳо”, “Ситора дар шаб” ва даҳҳо филмҳои дигар ҳунарнамоӣ карда, ному симои худро дар синамои миллӣ пойдор намудааст. Ҳунарманд дар баробари нақшофарӣ дар филмҳо, ҳамчунин коргардони як қатор филмҳои бадеӣ, илмӣ – оммавӣ ва ҳуҷҷатӣ мебошад.

    Анвар Тураев аз соли 1958 то соли 1963 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лохутӣ фаъолият намудааст. Баъдан аз соли 1970 то соли 1990 сардори кинохроникаи студияи “Тоҷикфилм”, солҳои 1991 то 1996 раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон шуда, фаъолияти худро самимона ба роҳ мондааст.

    Мавсуф соли 1934 ба дунё омада,  соли 1958 Мактаби олии Театрии ба номи М.С.Щепкини Маскавро хатм кардааст. Ӯ мукофоти  Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистонро сазовор гаштааст. Филми «Паркан», ки бо ҳунарнамоии Анвар Тӯраев таҳия гардид, соли 1982 дар кинофестивали 15-уми умумииттифокӣ дар Таллин сазовори ҷоиза гардид.

    Аввалин филмҳое, ки Анвар Тӯраев дар онҳо нақш офаридааст, филми “Тири кабуд”, “Вазифаи баланд” ва “Сарнавишти шоир” мебошанд, ки бозгуи маҳорати баланди ӯ  гардид. Минбаъд ӯро ба филмҳои зиёд даъват менамуданд, ки аз ҷумлаи филми  “Қалъа бар чархҳо” дар нақши Ёсет Исмоилӣ ва дар филми “Паркан” нақши подполковник Умаровро бо маҳорати воло иҷро намудааст.

    Нақши Алим дар филми “Замони осоишта”, ронанда аз филми “Истгоҳи теппа”, Анвар аз филми “Ба пеш гвардиячиён” ва филмҳои “Духтари сеюм”, “Ситораи шаб”, “Туҳфаи тақдир” “Асрори гузари фаромушшуда”, “Ҷӯра, шикорчӣ” ва даҳҳо нақшҳои барҷастаи Анвар Тураев дар филмҳо муаррифгари ному симои ҳунарманд мебошад.

     

     

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ