Созмондиҳандагони 78 – умин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Канн” феҳристи филмҳои ширкаткунанда дар озмуни асосиро эълон карданд. Барномаро мудири ҷашнвора Тьерри Фремо ва Президенти ин ҷашнвора Ирис Кноблох ба таври мустақим эълон карданд.
Ирис Кноблох зикр кард, ки имсол ба кумитаи тадорукоти фестивал шумораи рекордӣ – аниқтараш 2909 дархости филмҳо ворид шудааст. Филми ифтитоҳии ҷашнвора драмаи коргардон Аммели Бони таҳти унвони “Як рӯз бимон” мебошад.
Филми “Як рӯз бимон” соли 2023 дар номинатсияи беҳтарин филми кӯтоҳ барандаи ҷоизаи “Сезар” гардида буд.
Дар озмуни асосӣ аз 2909 18 филм, аз ҷумла филмҳои нави коргардон Ари Астер, Уес Андерсон ва ҳамчунин филми ҳунарии “Ду прокурор”-и коргарадон Сергей Лознитса, ки дар он Александр Кузнецов нақш доранд, барои ба даст овардани ҷоиза рақобат менамоянд. Ҳамзамон қисми ҳаштуми филми муҳорибавии «Рисолати иҷронашаванда” бо Том Круз берун аз барномаи озмун намоиш дода мешавад.
Филми Кирилл Серебренников "Нопадид шудани Йозеф Менгеле" дар чаҳорчӯби нахустнамоиши Канн намоиш дода мешавад. Дар фильм нақши асосиро Август Дил бозидааст.
Ҳунармандон Скарлетт Йоханссон ва Харрис Дикинсон аввалин кори коргардонии худро инҷо намоиш медиҳанд.
Раиси ҳайати доварони ҷашнвораи 78-умин Канн ҳунарпешаи фаронсавӣ Ҷулет Бинош, барандаи ҷоизаҳои Сезар, Оскар ва BAFTA ва ҳамчунин ҷоизаи ҷашнвораи синамои Канн хоҳад буд. Ҷулет Бинош аз 1 майи соли 2024 президенти Академияи филмҳои Аврупо мебошад. Инчунин Роберт Де Ниро барои саҳмаш дар рушди синамо ҷоизаи фахрии "Нахли тиллоӣ"-ро хоҳад гирифт.