Ширкати филмофарии “Sony Pictures”, ки филмҳои ҳунарӣ, аниматсионӣ силсилафилмҳо, намоишҳои телевизиониро таҳия ва истеҳсол мекунад, дар ҳоли ҳозир аз лиҳози иқтидори техникӣ ва қувваи эҷодӣ калонтарин ширкати филмофарӣ дар Ҳолливуд дониста мешавад. “Sony Pictures” дар қиёс ба дигар ширкатҳои филмофарии Ҳолливуд ҳарчанд таърихи тулонӣ надошта бошад ҳам аммо фаъолияти густурда ва сермаҳсулаш имкон фароҳам овард то дар як муддати кӯтоҳ ба як ниҳоди муваффақи филмофарӣ табдил ёбад.
Лоиҳаҳои муваффақе чун “Одам анкабут” ва “Джеймс Бонд”, ки дар солҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинанда гардидаанд, барои “Sony Pictures” даромади ниҳоят зиёд овардаанд. Ин офаридаҳо ҳамчунин дар рейтинги филмҳои муваффақ ва сердаромад ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
“Sony Pictures” медиа – корпоратсияи бузургтарине, ки ба таҳия, интишори офаридаҳои синамоӣ машғул аст. Ин ширкат ҳамчунин студияҳои дигари филмофариеро чун “Columbia Pictures”, “Tristar Pictures”, “Screen gems” дар худ муттаҳид намудааст.
Дар аввал маконе, ки “Sony Pictures” ҷойгир аст якчанд студияҳои дигар амсоли “Метро голден Майер” ва “Мейор Продакшн” фаъолият кардаанд, аммо баъдан аз соли 1986 инҷониб “Sony Pictures” таъсис ёфт ва дар 2 соли аввали таъсис зиёда аз 100 филмҳои гуногунжарро таҳия ва пешниҳод намуд, ки муваффақтарини онҳо филми “Сеҳргари кишври Оз”, “Суруди зери борон” ва “Бен Гур” мебошанд. Аз оғози солҳои 90 – ум “Sony Pictures” боз якчанд студияҳои дигарро ба ширкати худ муттаҳилд менамояд. Ҳамин гуна давраи нави рушди ширкат ба амал меояд. Аз ҷумла филми пуровозатарини ширкати “Sony Pictures» ин “Ниқоби Зорро” бо иштироки Антонио Бандерас мебошад, ки ба ширкат шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст.
Дар баробари филмҳои ҳунарӣ ҳамчунин дар студия “SonyAnimation” филмҳои аниматсионӣ таҳия ва ба дустдорони ин жанр пешниҳод карда мешаванд, ки дар бозори синамо низ серхаридор мебошад. Аз ҷумла силсилаи “Смурфҳо” ва “Махлуқҳо дар таътил” намунаи аниматсионии “Одам анкабут” чанде аз онҳо мебошанд.
Ҳоло “Sony Pictures” дар ихтиёри худ 18 майдони бузурги сабтро дар масоҳати 10 га доро мебошад, ки тамоми имкониятҳои филмофариро барои таҳиягарон фароҳам овардааст.