Дар мактаби синамогарони ҷавони ба номи Муҳаббат Сатторӣ таҳти унвони “Синамо ва зеҳни сунъӣ” бо иштироки фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун ва махсусан синамогарону мутахассисони соҳа баргузор гардид. Дар рафти ин чорабинӣ иштирокдорон доир ба бартарияти барнома имкониятҳо ва манфиатҳои истифодаи он дар синамо маълумот гирифтанд.
Ҳузури иштирокдорон дар ин нишаст аз самтҳои гунонгун ва махсусан аз соҳаи Синамо зиёдтар ба назар мерасид. Дар мастер класс аз нигоҳи нав яъне тарзи истифода аз зеҳни сунъӣ атрофи эҷодиёту эҷодкорӣ ва нозукиҳо аз тарзи истифодаи барномаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр сохтанд. Ибрози назару андешаҳои гуногун миёни иштирокчён суолҳоро ба миён овард ва мо низ кӯшидем то аз тарзи истифода ва коркарди ин барномаҳои навин бароятон маълумот пешниҳод созем.
Дар мастер класс атрофи барномаи GTP яке аз содатарин ва шафофтарин барномаҳое дар олами маҷозӣ сухангуфтанд, ки тававссути ин барнома ҳама гуна лоияҳои эҷодиро сохтан мумкин аст. Дар ин раванд гуфтан ба мавридаст, ки бо ёрии ин барнома ҳамакнун эҷодкорон, филмноманависон, наворбардорон комилан аз ёрии зеҳни сунъӣ истифода намуда, расм, навор, ҳисобот, банду басти лоияҳои гуногун дар ҳама самтҳо ва махсусан дар самти эҷодӣ, таҳияи сенария бо дарназардошти харҷ ва масрафҳои онро метавонанд тартиб диҳанд.
Дар ҳамин радиф истифодабаранда метавонад бо ворид гаштан тавассути барномаи Клоуди-тайм аз ёрии зеҳни сунъӣ истифода барад аммо барои он нафороне, ки бори нахуст талоши бо ёрии ин барномаҳо ва зеҳни сунъӣ тасмими эҷодӣ доранд тавсия дода мешавад, ки бо барномаи GTP корро оғоз созанд, зеро бо ин барнома чунон, ки дар боло қайд намудем кор осон ва шакли банду баст ва тарҳрезии замони сохтани идеяҳо сода фаҳмонида шудааст.
Масъалан дар мавриди ба нақша гирифтани таҳяи як филм ё таронафилм фармоишгар ё эҷодкорро мебоист барнома сохт, чихел ва чи гуна?
Акнун мо метавонем пас аз ин бо ёрии зеҳни сунъӣ нақша тартиб диҳем, бо ворид шудан ба барнома ҳамчун савол дар GTР тахайюли эҷодии хешро навишта равона месозем ва аз самти ёрдамчии зеҳни сунъӣ ба мо дар ҷавоб нақшаи дар тахайюли хеш эҷодсохтаи мо меояд.
Намунаи дигар масъалан дар сабти як филми ҳунарӣ аз оғоз то ба анҷом ба мо чӣ қадар масраф ва чӣ қадар аъзо доштани як гурӯҳи филмбардорӣ лозим бо ёрии зеҳни сунъӣ мо метавонем ҳама душвориҳоро бартараф созем. Истифодаи барномаи зеҳни сунъӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар як рӯз панҷ маротибаро дар бар гирифта, дар пешниҳоди ҳар як суоли мо то 4 намуна аз ҷонибӣ зеҳни сунъӣ пешниҳод мегардад.