Ширкати филмофарии “Парамоунт пикчерз” филми навбатиро аз силсилаи филмҳои сербинандаи “Рисолати иҷронашаванда” пешниҳоди бинандагон мегардонад. Қисми ҳаштум ҳамчун филми охирини лоиҳаи мазкур бо нақшофарии ҳунарпешаи саршинос Том Круз муаррифӣ шудааст.
Фуруши чиптаҳо барои тамошои қисми ҳаштуми филми муҳорибавӣ ва ҷиноии “Рисолати амалинашаванда” оғоз гардид. Ба иттилои ширкати “Парамоунт пикчерз” филми навбатӣ тӯлонитарин филм аз силсилаи лоиҳаи мазкур мебошад, ки тақрибан 30 сол боз дар бозори синамо арзи вуҷуд дорад.
Бо оғози фурӯши чиптаҳои филми мазкур судияи “Paramount” расман тасдиқ кард, ки давмонокии филми ҳаштуми силсилаи моҷароҷӯйӣ бо Том Круз 2 соату 49 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шояд бори охир Том Круз нақши Итан Ҳантро иҷро намояд ва интизор меравад, ки бо ҳамин силсилаи филмҳои “Рисолати амалинашаванда” ҷамъбаст гардад. Филми нав бо дамвомнокии худ тӯлонитарин филм дар силсила хоҳад буд, ки то ба имрӯз, тақрибан 30 сол боз пешниҳоди бинандагон мегардад. Дар филми мазкур тӯлонитарин филм дар филмографияи Том Круз нахоҳад буд, зеро қаблан ҳунарманд дар филми "Магнолия", ки 3 соату 8 дақиқа давомнокӣ дорад, нақш офаридааст.
Ёдовар мешавем, ки дар аввал филми ҳаштум бояд дар ду қисм таҳия карда мешуд, аммо ҳоло ҳамчун як қисми мустақил таҳия шудааст. Ба эҳтимоли зиёд достони филм сюжаи филми соли 2023-юмро идома медиҳад.
Илова ба давраи рекордии худ, филми ҳаштум инчунин гаронарзиштарин филм дар силсила мебошад. Моҳи марти соли ҷорӣ хароҷоти филм 400 миллион доллар эълон шуда буд. Ҳоло барои ҷуброн кардани хароҷоти истеҳсолӣ, филми амалиётӣ бояд дар хаҳзинаҳо ҳадди аққал як миллиард доллар ба даст орад. Қисми ҳаштуми филми “Рисолати амалинашаванд” бо коргардонии Кристофер Маккуорри мтаҳия шуда, санаи 23 майи соли 2025 ба намоиш гузошта мешавад.