Марат Орифов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои шинохтаи синамо, ки бо иҷрои беҳтарин нақш дар симои Абуабдулоҳи Рудакӣ тавонистааст ба гирифтани ҷоизаи беҳтарин нақши мардона ва мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва африқо дар шаҳри Қоҳира дар соли 1960 мушараф гардад.
Марат Орифов – ҳунарпеша ва коргардони маъруфи синамои тоҷик буда, бо нақшофарӣ дар филмҳои таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла нақшҳои Абуабдулоҳи Рудакӣ ва Абуалӣ Ибни Сино шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз соли 1950 оғоз намуда, дар филмҳои зиёди “Тоҷикфилм” нақшҳои барҷаста офаридааст.
Филми «Муаллим», ки Марат Орифов дар он нақш офаридааст бо коргардонии Носир Саидов дар ҳошияи 33-юмин Ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр»-и Эрон дар Пардиси синамоии «Миллат» — и Теҳрон моҳи майи соли 2015 намоиш дода шуд. Ҳунарманд Марат Орифов барои нақшофарӣ дар ин филм ба гирифтани ҷоизаи махсуси ҷашнвора «Симурғи булурин» муваффақ гардид. Ҳунарманд дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфта бошад, ҳам саҳми арзандааш дар синамои тоҷик ва офаридани образҳои таърихиву адабии ӯ дар ёдҳо боқӣ хоҳанд монд.
Ҳунарманд моҳи августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ писари Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Шуравии сатсиалистии Тоқикистон Тӯҳфа Фозилова аст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимови шаҳри Маскавро хатм кардааст. Мавсуф доимо дар ш. Душанбе сукунат дошта, фаъолияти эҷодиашро дар соҳаи кино давом додааст.
Фаъолияти ҳунарии Марат Орифов давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосии ӯ нақши Ибни Сино дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 мебошад. Соли 1958 ӯро ба Тошкент даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ - Рӯдакиро Марат Орифов мебозад ва то имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовидонӣ гардонидаасту маъруфияти ӯро миёни бинандаи синамоӣ дучанд намудааст. Ҳамчун ҳунарпеша минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид», нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод», нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар», нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ», нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.
Чун маҳорати баланди кордонии ҳунарпеша пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии «Нисо» дар соли 1964, «Дили ман дар кӯҳистон» соли 1969, «Асрори қабила» соли 1970, «Муҳосира» соли 1969, «Бо табассум нигар» соли 1983 ва дигар филмҳо пардохтааст. Бояд ёдовар гардид, ки ҳама филмҳое, ки ҳунарманд дар он бо як сабку услуби хосси бозингарӣ нақш офаридааст ё ин, ки дар таҳияи он даст дорад, манзури тамошобинон гардидаанду аз ҷониби бинандаву шунавандаи ватанию хориҷӣ ба хушӣ пазируфта шудаанд. Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973—1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд.