Кинофестивали “Трайбека”, ки онро бештар ҷун синамоҷашнвораи асри нав ном мебаранд дар кинемотографияи ИМА ки яке аз бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи филмҳо ба шумор меравад ҷойгоҳи хос дорад. Ҳар сол дар ҷараёни он нахустнамоиши маъруфтарин филмҳо баргузор гардида ҳамчунин дар асоси барномаҳои гуногуни ҷашнвора истеъдодҳои нав кашф карда мешаванд. Шукрона Нуруллоева бо иттилои бештар мавзуъро идома медиҳад.
Кинофестивали Трайбека соли 2002 бо ибтикори ҳунармани маъруфи ҳолливуд Роберт де Ниро ва Джейн Розентал таъсис ёфтааст. Трайбека яке аз ноҳияҳои шаҳри Манхэттени ИМА мебошад ки маҳз дар ҳамон минтақа аз соли 2002 инҷониб фестивали мазкур бо мақсади дастгирии коргардонҳои музофотӣ, филмҳои ғайритиҷоратӣ ва иҷтимоӣ гузаронида мешавад.
Маросими имсолаи ҷашнвораи Трайбека аз 4-то 15 июн гузаронида шуда аллакай марҳилаи интихоби филмҳо ба анҷом расидааст. Барои намоиш дар бахши филмҳои кутоҳ 93 офарида интихоб гардидааст.
Дар ибтидо фестивал танҳо дорои 5 номинатсия буд, ки ҳатто дар соли аввали таъсиси он ҳазорҳо филм барои иштирок ва намоиш пешниҳод гардиданд. Чун таваҷҷуҳ ба ҷашнвора зиёд гардид, бо мурури замон шумораи номинатсияҳои он низ зиёд карда шуд ва дар ҳоли ҳозир дар фестивал 13 номинатсия амал мекунад. Ҳарчанд дар ибтидо дастандаркорон онро баҳри инкишофи синамои музофотӣ таъсис доданд, баъдан он мақоми байналмилаллиро гирифт ва ҳоло аз саросари дунё ба ҷашнвора ҳамасола филмҳои мухталиф пешниҳод карда мешавад. Дар доираи он ҳамчунин фестивали филмҳои оилавӣ баргузор мегардад, ки доираи ҳаводорони худро дорад.
Ҷашнвора то ҷое як хусуяти рунамоиро дорад яъне барандагон дар номинатсияҳои мухталиф соҳиби ҷоиза ва ё мукофоти пулӣ намегарданд. Балки маҳсули эҷоди худро муаррифӣ менамоянд. Вале новобаста аз ин дар як муддати кутоҳ кинофестивали Трайбека мавқеи худро дар синамои ҷаҳон мустаҳкам намуда тавонист. Фестивали мазкур бо барномаи рангин ва дархости зиёди иштирокдорон баҳри намоиши филм яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи ИМА ва ҷаҳон гардад, зеро қисмати зиёди филмҳои истеҳсоли ИМА баъд аз нахустнамоиш дар ин ҷашнвора баъдан ба дигар кинофестивалҳо пешниҳод карда мешаванд.