Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд

    2025-04-29
    42

     29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.

    Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

    Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» ва «Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал» то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.

    Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – «Гӯсфанди зоти «ҳисорӣ» ва «Ангури навъи «тоифӣ – гулобӣ» ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) изҳори сипос карданд.

    Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

    Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ