Раёсати Синамоҷашнвораи байналмилалии Берлин санаҳои баргузории озмунро дар соли 2026 тасдиқ кард. Соли 2026 76-умин маросими ин ҷашнвора аз 12 то 22 феврал баргузор мешавад. Иштирокчиёни озмун ва дигар барномаҳои синамоҷашнвораи Берлин аввали соли оянда эълон хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи 75-умин Берлин бо пирӯзии мелодрамаи норвегӣ таҳти унвони "Орзуҳо” анҷом ёфт. Ҷоизаҳо дар номинатсияи беҳтарин ҳунарманд насиби Роуз Бирн ва Эндрю Скотт гардид.