Ширкати филмофарии «Атмосфераи кино» расман қисми сеюми филми «Фиреби назар» - ро дар кинотеатрҳои Федератсияи Русия 13 – уми ноябри соли равон ба намоиш мегузорад. Филми мазкурро коргардон Рубен Флейшар таҳия намуда, қисматҳои 1 – ум ва 2 – юми ин офарида аз ҷониби ҳаводорон хуб пазироӣ гардидааст.
Дар филми нав Ҷесси Эйзенберг, Вуди Харрелсон, Дейв Франко, Айла Фишер, Морган Фриман ва дигарон нақш бозидаанд. Коргардони лоҳаи нав Рубен Флейшер буда, жанрҳои трилер ва ҷустуҷӯиро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қисми аввали ин филм соли 2013 ба руйи экран баромад ва дар Русия ва кишварҳои ИДМ 680 миллион рубл ҷамъоварӣ кардааст. Идомаи он соли 2016 намоиш дода шуд ва дар хазинаи кинотолорҳои Русия беш аз 1 миллиард рубл даромад ба даст овард.
Наворбардории филми “Фиреби назар 3» моҳи майи соли 2024 дар Ню Йорк оғоз гардида, дар шаҳрҳои Париж, Антверпен ва Белгия сурат гирифта, 18 – уми ноябри соли 2024 ба анҷом расид.